Дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 % иҷро гардид

Кишоварзони вилояти Суғд бо меҳнати фидокорона ва талошу заҳмати аҳлона нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

10 декабр сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи пахтакорони вилоят "Муждаи зафар"-ро расонида, хабар дод, ки 9 декабр нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 фоиз иҷро гардид.

Кишоварзони вилоят соли равон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати кишти пахтаро ба 57159 гектар расонида, уҳдадор шуда буданд, ки 133 800 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ намоянд.

Новобаста аз боду ҳавои номусоид рӯзҳои ахир аҳли меҳнат 133 950 тонна пахта истеҳсол карданд, ки ба 100,1 фоизи нақша баробар мебошад.

Раиси вилоят иҷрои нақшаи истеҳсоли пахтаро натиҷаи меҳнати шабонарӯзии деҳқонони навоҳии пахтакор арзёбӣ карда, барои  иҷрои нақша сипосмандии худро изҳор дошт.

Бояд гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои иҷрои нақша тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои таъмиру бозсозии пойгоҳҳои обкашии навоҳии пахтакор ва таъминот бо оби полезӣ чораҷӯӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд