Ташрифи кишоварзон ва соҳибкорони вилояти Хатлон ба вилояти Суғд

Азназаргузаронӣ: 867

Кишоварзон ва соҳибкорони вилояти Хатлон дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд бо роҳбарони ширкату корхонаҳои вилоят мулоқот намуданд.

Мулоқоти ҷонибҳо дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд доир шуда, вобаста ба фаъолияти палата маълумот дода шуд.

Сафари омӯзишии кишоварзон ва соҳибкорони вилояти Хатлон ба вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи USAID   ва ACAT   аз санаи 29 август то 2 сентябр доир гардид ва кишоварзон ва соҳибкорони вилояти Хатлон аз корхонаҳои коркарди меваҳои ҶДММ “Меваи тиллоӣ”, “Исфарафуд”,  "Висол ”, “Исфарафуд” ва боғҳои зардолуи шаҳри Исфара дидан намуданд.

Намоянгадони вилояти Хатлон дар шаҳри Хуҷанд низ бо фаъолияти корхонаи соҳибкор Абдулакимов Ҷумабой, ки ба истеҳсоли нони хушк машғул аст, боздид карда,  ҷиҳати мубодилаи таҷриба ба мувофиқа расиданд.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз бозори марказии “Панҷшанбе” ва мавзеъю маконҳои сайёҳиву таърихии вилоят дидан намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд