Ситоди вилоятии "Ҳосил-2022" таъсис ёфт

Азназаргузаронӣ: 666

Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситоди вилоятии "Ҳосил-2022" таъсис дода шуд.

Ситоди вилоятӣ бо қарори Раиси вилояти Суғд "Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2022" ташкил шуда, тибқи он раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ситодҳои маҳаллиро таъсис диҳанд.

Ҳамзамон барои ҳаваманд намудани пешқадамони мавсими пахтачинӣ мусобиқаи меҳнатӣ гузаронида шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд