Дар мавзӯи "Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои куҳна" семинари вилоятӣ баргузор шуд

Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маҷлисгоҳи "Боғи миллии Ваҳдат" ба таври амаливу назариявӣ дар мавзӯи "Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои куҳна" семинари илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ангурпарвар иштирок намуданд.

Тавре маълумот дода шуд, хоҷагии ангурпарварӣ соли 2015 дар ҳамкорӣ ва бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода бунёд карда шудааст.

Масоҳати умумии хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ” 3 гектарро ташкил дода, дар он 1000 бех ниҳоли ангури навъҳои “ҳусайнӣ”, “шоҳона”, “победа”, “ҳусайнии сиёҳ” ва дигар намудҳо пеш аз ҳама барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам содирот нигоҳубину парвариш карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят беш аз 20 навъи ангур парвариш гардида,тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати токзорҳои наву муосир зиёд гардида истодааст. Таъкид гардид, ки бояд бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони Ҳисор ва Турсунзода дар минтақаҳои вилоят чунин токзорҳои нав бунёд карда шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли ангур, таъмини бозори дохилӣ ва содироти ин мева чораҷӯӣ карда шавад.

Иштирокдорони семинар бо тарзу усулҳои нави ангурпарварӣ шинос гардиданд.

Дар қисмати назариявӣ аз ҷониби вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, олимону мутахассисон тавсияҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд