
Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 12 миллиарду 106,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 111,1 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра суръати афзоиши истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 150,4 ҳазор тонна орд, 2395,8 тонна равғани растанӣ, 16382,8 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 6720,0 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 6454,3 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 6 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 162 корхонаву коргоҳи нав, бо 1146 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 3 коргоҳи нави дўзандагӣ, бо 16 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 155,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 2,0 млн. сомонӣ зиёд аст. Ҳамзамон, дар ин давра 392582 дона либоси мактабӣ дўхта шудааст.
Дар вилоят фаъолияти 11 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 311,6 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,4 фоиз зиёд мебошад.




