Оғози даври вилоятии озмуни “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон”

Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ маросими ифтитоҳи Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро аз номи Раиси вилоят хайрамақдам гуфт. Зайнура Азимӣ таъкид намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва амалигардонии “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар байни занону духтароне, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд, баргузор мегардад.

Даври аввали озмуни мазкур тибқи низомнома аз 19 то 28-уми июни соли 2023 дар сатҳи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шаҳру ноҳияҳо баргузор ва ҷамъбаст гардид. Ғолибонро комиссияи озмун муайян намуда, ба кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят пешниҳод намуд. Ҳоло марҳалаи дуюм, яъне даври вилоятии озмуни мазкур дар вилояти Суғд тӯли чор рӯз баргузор гардида, ғолибон муайян мешаванд.

Озмун таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қубонзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Исматуллозода баргузор хоҳад гашт.

Бояд изҳор намуд, ки дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қубонзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода баромад карда, таъкид намуданд, ки баргузории озмуни мазкур ҳавасмандгардонии занон-хизматчиёни давлатро баҳри фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занонро дарбар мегирад.