
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, роҳбарияти шаҳр, муовинони раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва фаъолони хоҷагии халқи шаҳр оид ба натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли равон гузориш дода, таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 738,9 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 115,4 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 213,6 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Дар нимсолаи аввали соли равон 34 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 241 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 208 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби 108 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 369,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,4 млн. сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин марҳила аз 168 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 112 намуд ё 66,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.
Илова бар ин, номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардида, ба 17 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.
Тазаккур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таъмини дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.




