Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд бо амри дил ба хизмати ҳарбӣ меравад

Б1ахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи гигиенаи хўрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз нахустин ҷавонони ватандўст, меҳанпарвар, садоқатпешаи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки баробари оғози даъвати баҳорӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навишт, то ин ки дар ҳифзи Ватан саҳм гузоштаву дарси мардонагӣ омўзад ва аз имтиҳони ҳаёт гузарад.

Дар тарбияи ин ҷавони ватандўст саҳми волидайни ў, бахсус падараш Юсуф Маҳмадиев, сардори Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар роҳи оҳани вилояти Суғд беназир аст, ки дар ниҳоди фарзанди хеш дўст доштани Ватан, пос доштани якпорчагии Тоҷикистони азиз, муқаддас будани ҳар як ваҷаби сарзамини аҷдодиро талқин намуда, ин ҷавонмардро дар руҳияи ватанпарастӣ ба камол расонидааст.

Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи гигиенаи хўрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ифтихор аз он дорад, ки дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон таваллуд шудааст ва зиндагӣ дорад. Мегўяд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ имтиҳони ҷиддӣ аст, барои ҷавонписарон марҳилаи басо ҳассосу тақдирҷунбон маҳсуб меёбад. Ҷавононе, ки аз оила, мактаб ва муҳити созгор тарбияи хуб гирифтаанд, хуни гарми мардонагӣ доранд, ҳатман барои ҳифзи Ватан мераванд ва ҳимояи волидайни худ, оилаи худ ва хешу ақраборо рисолати ҷонии худ медонанд. Нафаре, ки хизмати Ватан мекунад ба қадри падару модар, аҳли хонавода, ҳамкорон, сарзамин ва амну осоиштагии имрўза мерасад.

Бале, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: «Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандўстиашон боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо, воқеан, ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд».

Дар ҳақиқат ҳифзу ҳимояи Ватан ва масъул будан дар оромию осоиштагии кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад ва инро нафароне чун Бахтиёр Маҳмадиев хуб дарк кардаву барои хизмат ҳамеша омода ҳастанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд