Фаъолияти нимсолаи соҳаи маориф ҷамъбаст ва вазифаҳо муайян гардид

3 июли соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.

Дар он Асомиддинзода Шарофиддин - намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаҳонгир Салимзода - сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Набизода Мадина Раҳмат - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуданд.

Ҷаласаро Мадина Набизода - сардори Раёсати маорифи вилоят ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023 маърӯза намуд.

Таъкид шуд, ки маорифчиёни вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият ба дастовардҳо соҳиб шуданд.

Мавсуф ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла ҳар чӣ бештар фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба муассисаҳои таълимии томактабӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таъминот бо компютер, тахтаҳои электронӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, вазъи дастрасии муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, либосҳои мактабӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, пешгирии ҳолати ҷиноятсодиркунӣ дар байни ҷавонон масъулинро вазифагузорӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласа Асомиддинозода Шарофиддин - намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро доир ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли маорифи вилоят баён намуда, оид ба рисолат ва вазифаҳои минбаъда дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини иҷрои Барномаҳои давлатӣ, мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ба талаботи замон, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорӣ, ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани толибилмон, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа,  зиёд намудани иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва афзун  гардонидани дастовардҳо дар ин самт суханронӣ кард.

Дар охири ҷаласа нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи дуюми соли 2023 тасдиқ карда шуд.