Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат дар ҳифзи муҳити зист ва обу иқлим бесобиқа аст

5 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил ва аз ҷониби Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) ҳамасола яке аз мавзуъҳои муҳими муҳити зист барои баргузор намудани тантанаҳои ҷашнӣ дар яке аз кишварҳои фаъол интихоб карда мешавад. Соли равон дар Кот-д'Ивуар таҷлили  Рӯзи умумиҷаҳонии  муҳити зист  ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳалли муаммоҳои ифлосшавӣ аз пластик бахшида мешавад.

Бахшида ба ин сана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд низ гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар назар дошта шудааст. Бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву экологӣ имрӯзҳо кишвари азизамон сарсабзу хуррам гардида, барои боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтанаш ҳар фарди худогоҳу хештаншинос саҳми назарраси худро гузошта истодааст, ки натиҷаи огаҳӣ пайдо намудани мардум аз  равандҳои экологӣ аст. Дар хонадоне, ки гулу дарахту сабза мепарваранд, бевосита инсон аз он баҳра мегирад ва меҳнати боғбонҳоро қадр мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чун кишвари ташаббускор шинохта шудааст. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат  дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ дар соҳаи об ва иқлим пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихори ҳар яки мост. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз истиқболи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Дар замоне, ки тағирёбии босуръати иқлим ба инсоният хатар эҷод мекунад, мушкилоти вобаста ба об пешорӯи башар қарор гирифта, бори дигар собит менамояд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат саривақтӣ ва ниҳоят зарур мебошад. Баргузории конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд дар рӯзҳои 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк идомаи ташаббусҳои бесобиқаи Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.

Бояд таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи табиат, аз ҷумла оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, тоза нигоҳ доштани муҳит ва таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зеро масъалаи ҳифзи муҳити атроф, сарватҳои табиӣ, об, ҷангал, ҳаво ва дар маҷмӯъ ҳифзи сайёраи замин ба яке аз муҳимтарин масоили глобалӣ табдил ёфтааст.

Бо назардошти ин, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти зертобеи худ ва дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоту сохторҳои вилоятӣ тибқи талаботи қонунгузории соҳа фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, татбиқи барномаҳои давлатӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар панҷ моҳи соли 2023 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Аз ҷониби шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера, шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, шуъбаи истифода ва ҳифзи захираҳои замин, муомилот бо

партовҳо ва канданиҳои фоиданоки маъмули умум, шуъбаи назорат ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, шуъбаи экспертизаи экологӣ, шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат мунтазам корҳои санҷишӣ, таҳлилу бартарафкунии камбудиҳо ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2022, №245 ва фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят аз 13.01.2023, №1 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» дар ҳудуди вилоят 67 маротиба аксияи мазкур гузаронида шуд. Дар чорабинӣ, ҳамагӣ 27300 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 186,65 км соҳилҳои манбаъҳои обӣ аз ҳаргуна партовҳо тоза гардид. Дар натиҷа 290,8 м3 партовҳо бо техникаҳои махсус бароварда шуд.

Боиси қайд аст, ки баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист, ҷамъоварӣ, истифода, безарагардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гўронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ғайр аз 35 адад партовгоҳи фаъолияткунанда, 779 адад нуқтаҳои ҷамъоварии муваққатии партовҳо ва зиёда аз 2271 адад қуттиҳои махсуси партовҷамъкунӣ ташкил карда шуд. Инчунин, бо мақсади шарт ва усули безарагардонӣ, интиқол, нигоҳдошт, гўронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ 174 адад техникаи махсус мавҷуд мебошанд. 

Дар натиҷаи дар амал татбиқ намудани сиёсати давлаӣ дар самти муомилот бо партовҳо ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013, №31 дар назди ҷамоати шаҳраку деҳот корхонаҳои давлатии коммуналӣ, шуъбаҳои ободонӣ ва корхонаҳои давлатии бисёрсоҳавии «Хоҷагии манзилию рифоҳӣ» ташкил карда шуд, ки боиси ба талаботи экологӣ ҷавобгў гардидани ҷамоати шаҳрак ва деҳот гардидааст.

Барои ҳифзи оламу наботот ва захираҳои моҳӣ низ чораандешӣ карда мешавад. Аз ҷумла, барои ҳифзи захираҳои моҳӣ, ба танзим даровардани моҳидорӣ ва самаранок истифодабарии захираи моҳиҳои обанбори Баҳри Тоҷик ва ҳавзаи Сирдарё аз ҷониби мутахассисони сарраёсат амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда, қонуншиканиҳо пешгирӣ карда мешавад.

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 тадбирҳои заруриро меандешад. Ҳамзамон, сарраёсат барои харидорӣ намудани маводи кимиёвии зарурӣ барои гузаронидани ташхис дар шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилоот, дигар амалҳои, ки ба беҳбудии муҳити зист мусоидат мекунанд, фаъолияташро роҳандозӣ менамояд.

Азиз Ғуфронзода,

сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд