Дар мавзуи «Коррупсия зуҳуроти номатлуб: сабабҳо ва роҳҳои пешгирии он» мизи мудаввар баргузор шуд

Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Коррупсия зуҳуроти номатлуб: сабабҳо ва роҳҳои пешгирии он» мизи мудаввар доир гардид.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Назира Ғаффорӣ, муовини раиси комиссияи чамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз ёфта, қайд карда шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти   миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

Сипас, аъзои комиссияи чамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Тоҷибоев дар бораи коррупсия ва оқибатҳои ногувори он дар ҷомеа суханронӣ намуданд.

Дар мизи мудаввар ҳамзамон раисони комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Деваштич дар бораи мақсаду вазифаҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ ва беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳо ибрози андеша намуданд.

Вобаста ба вазъи содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд ва роҳҳои пешгирии онҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, заминсозӣ маърузаҳои масъулини Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят, сардори Раёсати маорифи вилоят, сардори Раёсати тандурустии вилоят, раиси Кумитаи идораи замини вилоят ва дигарон шунида шуд.

Бояд таъкид кард, ки баҳри пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин зуҳуроти хатарзою фалаҷкунандаи давлату ҷомеа чандин барномаву стратегияҳо, аз ҷумла Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (2021-2025) бо Фармони Пре-зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 қабул ва тасдиқ гардиданд.