Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Бӯстон

31 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Рушди соҳаи саноат, зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ, ворид намудани технологияи нави истеҳсолӣ ва дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, дар вилояти Суғд сол аз сол шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд мегардад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорон корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли 16 намуд қубурҳои полиэтиленӣ ба роҳ монда мешавад. Зимни шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ ба Раиси вилоят маълумот доданд, ки корхонаи нав дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ таъсис ёфта, дар як сол то 60 ҳазор метр қубурҳои полиэтилении гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи ҶДММ «Мироб Тҷ» беш аз 20 нафар сокинон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Қобили қайд аст, ки масъулини ҶДММ «Мироб Тҷ» барои бунёди ин корхона 2 миллион сомонӣ сармоягузорӣ намудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ авалҳои соли 2023 оғоз гардида, тибқи нақша пеш меравад. Раиси вилоят аз иқдоми соҳибкорон хуш истиқбол намуда, ҷиҳати вусъати корҳои созандагӣ, васлу насби технологияи истеҳсолӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ масъулинро вазифадор намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ашёи хом аз кишварҳои дуру наздик ба корхона ворид карда шудааст ва ҳамчунин насби таҷҳизоти истеҳсолӣ рӯзҳои наздик оғоз гардида, дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом мерасад.

Дар шаҳри Бустон Раҷаббой Аҳмадзода раванди корҳои созандагиро дар маркази муосири логистикӣ мавриди назар қарор дод. Ин марказ аз чониби КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, то 100 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Тибқи иттилои масъулин барои бунёди марказ дар марҳилаи аввал 14 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Дар маркази муосири логистикӣ асосан хизматрасонии борфарорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, нигоҳдории молу маҳсулот, воридот ва содирти маҳсулот дар назар дошта шудааст. Иқтидори солонаи марказ дар оғоз беш аз 10 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад.