Дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 02 майи соли 2023, №144 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали вилоятии «Атласу адрас», ҳамчунин тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо баргузор карда шуд.
Нахуст муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки атласу адрасбофӣ аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб ёфта, то ба имрўз маъруфияти зиёд дорад. Ин матоъҳо, ки хусусияти миллӣ ва фарҳангии мо-тоҷиконро таҷассумгар аст, дар муди ҷаҳонӣ, дар арсаи олам васеъ истифода мегардад.
Таъкид гардид, ки ҳунари атласу адрасбофӣ таърихи тўлонӣ дошта, навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки то ба имрўз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар маъмул аст. Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад. Дар саросари кишвар атлас ва адрас имрўзҳо аз матоъҳои серхарид маҳсуб ёфта, хосатан дар даврони соҳибистиқлолӣ занону духтарони тоҷик дар ҷашну маросимҳои анъанавӣ аз матоъҳои мазкур ба таври васеъ истифода мекунанд.
Воқеан, бо либоси зебою беҳамтои миллӣ бонуи тоҷик, чун олиҳаи ҳусн бемислу дилфиреб пеши назар ҳувайдо мегардад. Махсусан, гулкориҳои моҳиронаи либосҳои тоҷикона, ба монанди атласу адрасҳои пурҷилои рангоранг, чакан ва тоқиҳои беҳамтои пур аз нақшу нигораҳои миллии тоҷикӣ имрӯз дар арсаи ҷаҳон шинохта шуда, дар олам беназиранд ва ҳамаро мафтун мегардонад.
Тибқи Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши либосҳои арӯсию домодӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои бонувону гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо маҳсули ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд.
Ҳамзамон, зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби санъаткорону ҳунармандони шаҳр барномаи фарҳангии рангоранг пешкаши иштирокдорон гардид.
Дар фарҷом беҳтаринҳо бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуданд.