Савгандёдкунӣ барои садоқат ба Ватан

Шукӯҳу тантанаи гирду атрофи Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд беҳудуд буд. Дар маросими савгандёдкунии наваскароне, ки дар даъвати баҳорӣ ба хизмати Модар – Ватан ихтиёрӣ номнавис шудаанд, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комиссари ҳарбии вилоят Мирзозода Давлатшоҳ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим  Каримзода роҳбарият ва афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва падару модарон иштирок ва шоҳиди савгандёдкунии наваскарон шуданд. Чорабинӣ дар фазои меҳру муҳаббати ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҷараён гирифта, наваскарон матни савганди ҳарбиро бо ифтихори баланд қироат намуданд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода бо сухани табрикӣ баромад намуда, ба наваскарон дар адои иҷрои қарзи ҷавонмардӣ сарбаландиву комёбӣ таманно намуд. Бояд иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинони он содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.

Шоистаи таъкид аст, аз 50 нафар наваскаре, ки дар маъракаи даъвати баҳорӣ ихтиёрӣ аз шаҳри Хуҷанд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастаанд ва дар ин маросим савганд ёд карданд, 45 нафарашон фарзандони шахсони мансабдор ба ҳисоб рафта, бо амри дилу виҷдон ба ҳифзи Ватан омода будани худро бори дигар исбот карданд.

Дар тантанаи савгандёдкунии наваскарон зери оҳангу навоҳои марғуб наваскарон мерақсиданду шодмонӣ доштанд. Барномаи консертии фарҳангиёни вилоят анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд