Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир ва пайомадҳои он мулоқот баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Қаҳҳорова Муноҷот иштирок ва суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки дар раёсат дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм байни ҷомеаи пайваста тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ андешида мешавад.
Дар раванди пурпечутоби замони муосир яке аз ҳадафҳои аслии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ маҳсуб ёфта, дар ин росто мубориза бар зидди ҳамагуна ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар падидаҳои хатарноки ҷомеаи муосир рисолати аслии ҷомеаи Тоҷикистони навин мебошад.
Ҷавонони вилоят заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва оромиву осудагии кишвари азизамон Тоҷикистонро қадр намуда, дар тарбияи наслҳои худшиносу худогоҳ ва меҳандӯсту ватанпарвар саҳм хоҳанд гузошт.