Рӯзҳои 12 - 15 майи соли 2023 дар дар шаҳри Актобеи Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи минтақавӣ оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид, ки дар он ҳафт нафар варзишгарони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре аз Федератсияи гӯштини камарбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқа варзишгарон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ширкат варзида, барои пирӯзӣ мубориза бурданд.
Варзишгарони тоҷик Кароматулло Қурбонов дар вазни 62 кг соҳиби ҷойи дуюм, Шоҳрухи Саидаҳмад дар вазни 75 кг соҳиби ҷойи сеюм ва Хусрав Очилов дар вазни 90 кг соҳиби ҷойи сеюм гардида, Парчами Тоҷикистонро парафшон намуданд.