1 июни соли равон дар вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ташкили чорабиниҳои идона дар муассисаҳои иҷтимоии бачагонаи шаҳру ноҳияҳо, озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи «Ҳуқуқҳои худро меомӯзем» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Ихтироъкори беҳтарин», «Тоҷикистон Ватани офтобӣ», аёдати кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд, барномаи идона таҳти унвони «Кӯдакон дунёи рангини мо» ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.