Моҳи июн Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад

Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ моҳи июни соли равон Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад.

Фестивал дар ду давр доир шуда, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сурат мегирад ва даври дуюм дар маркази вилоят доир хоҳад шуд. Дар фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, марказҳои омӯзишӣ, рассомону тарроҳон, дӯзандагони алоҳида метавонанд иштирок намоянд.

Ба барандаи Шоҳҷоизаи  Фестивали вилоятии «Атласу адрас» 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона», «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ» мутаносибан 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 2500 сомонӣ ҷоиза дода мешавад.