Баргузории мизи мудаввар оид ба тақвияти иқтидори субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021, №186 «Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дар мавриди амалисозии Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси «Нури рӯшноӣ» ва бо иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи танзими оилаи Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дирӯз дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати тақвияти иқтидори субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила сӯҳбат дар атрофи мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо иштироки мушовири Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Суди Олӣ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милллали Муттаҳид, оҷонсиҳои иҷрокунандаи Барнома, воҳидҳои сохтории вилоят, равоншинос, ҳуқуқшиносон ва васоити ахбори омма доир гардид.

Дар мизи мудаввар натиҷаҳои асосии Барномаи «Нури рӯшноӣ» барои солҳои 2021-2022 муаррифӣ гардида, оид ба муҳтавои Барномаи «Нури рӯшноӣ», «Назарияи тағйиротӣ» барои расидан ба ҳадафҳои Барнома, маълумоти мухтасар оид ба натиҷаҳои Барнома барои солҳои 2021-2022 ва маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти ба нақша гирифташуда дар солҳои 2022-2023 шунида шуд.   

Ҳадаф аз амалишавии Барнома пеш аз ҳама пешгирии зӯроварӣ дар оила ба ҳисоб рафта, дарёфти роҳу усулҳои нави корбарӣ маҳсуб арзёбӣ гардид.