5-уми майи соли 2023 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Суғд дар Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Бӯстон мусобиқаи вилоятии варзишии касбӣ-оташнишонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон миёни кормандони хадамоти оташнишонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир карда шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқа таъкид дошт, ки тӯли чанд соли охир миёни дастаҳои якачини Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбиятии кормандони соҳа мусобиқаҳои варзишӣ доир мегардад. Зеро рушди ҳамаҷонибаи варзиш таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вилоят мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкилу баргузор мешаванд. Мусобиқаи имрӯза дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир мегардад.
Бояд гуфт, ки касби оташнишонӣ басо касби пурмашаққату пуршараф буда, кормандони ин соҳа ҳамарӯза баҳри аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани молу амвол ва ҳаёти инсон мубориза мебаранд ва баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва молу мулки онҳо ҳаёти хешро дареғ намедоранд.
Ҳамин тавр, дар охир ба як қатор дастаҳои варзишӣ ва собиқадорони соҳа Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.
Дар идома ба ҳайати меҳмонон рафти гузаронидани амалиётҳои сӯхторхомушкунӣ, безараргардонии иншоотҳо, тактикаи ҳарбӣ ва истифодаи ниқобҳои зиддигазӣ намоиш дода шуд.




