Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони "Ҷавонон - нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа" баргузор гардид.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ҳамаи курсантонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, малакаи баланди касбӣ ва бахту саодат орзу намуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонон, минбаъд низ бо ҳисси ватандустӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва рушди иқтисоди Ватан, хамчунин, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар конференсияи илмӣ – назариявӣ, омӯзгорони Факултети №4 АВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои илмӣ намуданд ва дар фарҷом аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ба ҳамаи иштирокчиён ва баромадкунандагон сипосномаҳо тақдим карда шуд.




