Кӯҳистони Мастчоҳ. Туҳфаи Пешвои миллат ба иштирокчии ҶБВ дастрас шуд

Ба муносибати 78-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  Одинаев Халифа  туҳфаи идонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.

3 майи соли 2023  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шодихон Ҷамшед ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода  дар  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Одинаев Халифаро дар манзилаш аёдат намуданд. 

Зимни аёдат аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода туҳфаи идона-маблағи пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳангоми аёдат таъкид карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, махсусан дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо тӯҳфаҳои хоси Роҳбари давлат бо нишони қадршиносӣ аз кору пайкори собиқадорони ҷангу меҳнат дастрас карда мешавад.

Бобои Халифа аз дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баҳри гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз дуъои нек намуд.

Одинаев Халифа 98 сол дошта,  то кунун дар деҳаи Исизи ноҳия дар ҳалқаи фарзандону наберагон зиндагӣ дорад.