Суғд: Тренинги омӯзишӣ барои мураббиён ва машваратчиён

Дар асоси нақшаи муштараки шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, раёсатҳои кор бо занон ва оилаи вилоят, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва ташкилотҳои ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» ва «Фонди рушди ҷомеа» ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мураббиён ва машваратчиён ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳоҷирати бехатар машуғулият (тренинг) баргузор гардид.

Дар тренинг намояндагони воҳидҳои сохторӣ, аз ҷумла субъектҳои амаликунандаи Нақшаи миллӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Машғулият дар мавзӯъҳои «Мафҳум ва намудҳои муҳоҷират. Муҳоҷирати меҳнатӣ», «Душвориҳо ва хатарҳои муҳоҷират. Ҳодисаҳои савдои одамон», «Омодагӣ ба сафар, ҳуҷатҳои зарурӣ барои кор дар хориҷи кишвар. Омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ», «Убури сарҳад. Корти муҳоҷиратӣ. Ҷустуҷӯи кор.  Гирифтани патент барои кор», «Малакаҳои рафтор дар бозори меҳнат. Ҳолатҳое, ки ба шаҳрванди хориҷӣ манъи вуруд ё берункунӣ аз қаламрави Россия пешбинӣ карда мешавад. Буду бош дар Федератсияи Россия» ва «Санҷиши имкониятҳои вуруд ба Федерасия Россия. Муроҷиат барои тоза намудани ном аз руйхати шахсони вурудашон ба Федератсия Россия манъшуда» гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории машғулият дарёфти роҳу усулҳои нав барои пешгирии савдои одамон ва муҳоҷирати бехатар маҳсуб ёфта, дар фарҷом аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳод барои пешбурди фаъолияти минбаъда дода шуд.