Баргузории Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан»

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ва қарори Раиси вилоят аз 30 марти соли 2023, №105 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» ва бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, читгарӣ ва атласу адрасбофӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд» Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ба таври телевизионӣ гузаронида шуд. Фестивал аз рӯи шаш бахш, аз ҷумла,

-  беҳтарин либоси қадимаи чакан;

-  беҳтарин либоси кӯдакона;

-  беҳтарин либоси рӯзмарра;

-  беҳтарин либоси маросимӣ ва идона;

-  беҳтарин либоси расмӣ;

-  беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ доир карда шуд.

Дар Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» 35 нафар тарроҳону ҳунармандон ва 170 нафар занону духтарон иштирок намуданд.

Ҳайати ҳакамон паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро ба инобат гирифта, ғолибон муайян карданд.

Дар бахши «Беҳтарин либоси қадимаи чакан»

-ҷойи якум Абдураҳмонова Мавзуна аз шаҳри Панҷакент;

-ҷойи дуюм Шарифбоева Нигина аз шаҳри Хуҷанд;

-ҷойи сеюм Ҳасанова Малика аз ноҳияи Мастчоҳ.

Дар бахши «Беҳтарин либоси кӯдакона»

-ҷойи якум Ахмедова Шаҳноза аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-ҷойи дуюм Алиева Манзура аз Литсейи касбӣ-хизматии шаҳри Хуҷанд;

-ҷойи сеюм Азизмуродова Асрина аз ноҳияи Шаҳристон.

Дар бахши «Беҳтарин либоси рӯзмарра»

-ҷойи якум Абдуллоева Насиба аз шаҳри Гулистон;

-ҷойи дуюм Юлдошева Марҳабо аз ноҳияи Ашт;

-ҷойи сеюм Ҷабборова Маҳиноз аз ноҳияи Айнӣ.

Дар бахши «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона»

-ҷойи якум Юлдошзода Малика аз ноҳияи Деваштич;

-ҷойи дуюм Ҷабборова Санъат аз шаҳри Исфара;

-ҷойи сеюм Абдувалиева Наргиса аз шаҳри Бӯстон.

Дар бахши «Беҳтарин либоси расмӣ»

-ҷойи якум Ахмедова Азиза аз шаҳри Хуҷанд;

-ҷойи дуюм Бердиева Орзугул аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-ҷойи сеюм Иномова Азиза аз шаҳри Конибодом.

Дар бахши «Беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ»

-ҷойи якум Раҳимбоева Нозима аз ноҳияи Ҷаббор Расулов;

-ҷойи дуюм Холмирзоева Заррина аз ноҳияи Зафаробод;

-ҷойи сеюм Бобоева Нисо аз ноҳияи Спитамен.

Ғолибони Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд. 

Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона дар Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» тарроҳону ҳунармандон, аз ҷумла Ниёзова Матлуба ва Пӯлотова Мафтуна аз шаҳри Хуҷанд, Ҷӯраева Нигина аз шаҳри Истаравшан, Азизова Зафар аз ноҳияи Деваштич бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.