Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи​ Шӯрои ҷамъиятии вилоя­т​

Дар маҷлисгоҳи Кохи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят бо иштироки аъзои Шӯро, ваколатдори Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят баргузор гардид.

Тибқи Низомномаи Шӯро, ҷаласаро раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён раисӣ намуд. Дар ҷаласаи Шӯро рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27‐уми июли соли 2016, №329 “Дар бораи Барномаи татбиқи консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳо, коркарди маъдани уран барои солҳои 2016‐2024” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30‐юми июли соли 2020, №431 “Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 20202024” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома муовини директори филиали Агентии химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бегмурод Бобоев баромад намуда, оид ба иҷрои қарори номбурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мониторинги радиатсионӣ дар маҳфузгоҳҳои радиоактивии вилояти Суғд гузориш дод.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома оид ба иҷрои “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020‐2024” дар соли 2022 мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мадинахон Салимзода баромад намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур қарори Раиси вилояти Суғд аз 30‐юми ноябри соли 2020, №352 «Дар бораи нақшаи чорабинӣ оид ба амалӣ намудани “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020‐2024” ба тасвиб расида, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда аъзои Шӯро Икром Мамадов–раиси ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист”, Азиз Ғуфронзода–сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Шарифулло Абдуллозода–раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, Мавлуда Шарифзода– котиби масъули ҷамъияти “Дониш”‐и вилоят ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар интиҳо муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода аз иштироки фаъолонаи аъзои Шӯро дар баррасиву муҳокимаи масъалаҳои муҳим матраҳшуда изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба фаъолияти минбаъдаи ин қишри фаъоли ҷомеа, ки ҳар яке дар рушду пешрафт ва ободии Ватани азизамон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву маънавиёти мардум нақши муассир доранд, барору комёбӣ таманно намуд.