11 апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ, полковники милитсия Муҳаррамзода Фаррух Неъмат бо фаъолони шаҳр ва намояндагони қишрҳои ҷомеа мулоқот анҷом доданд.
Нахуст, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, вобаста ба дастовардҳои кишвар дар давраи истиқлолият, аз ҷумла рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, кишоварзию иҷтимоёт муфассал ибрози назар кард.
Аз фаъолони шаҳр даъват карда шуд, ки дар самти тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон корҳоро тақвият бахшанд то ки ҷавонон бо доми гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд.
Сипас, муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ, полковники милитсия Муҳаррамзода Фаррух Неъмат баромад карда, оид ба ҳолатҳои мавҷуда, роҳҳои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар муаммоҳои ҷойдошта бо мисолҳои возеҳ ибрози андеша намуд.




