Дар се моҳи соли 2023 панҷ нафар омӯзгорон ва 16 нафар донишҷӯёну докторантони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи кишвар cафарбар карда шуданд. Дар ин бора директори Донишкадаи иқтисод ва савдо Ҳомидҷон Ҳошимзода иттилоъ дод.
Бино ба иттилои Ҳомидҷон Ҳошимзода донишкада бо мақсади ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ мондани раванди таълим, омӯзиш ва илм донишкада бо зиёда аз 70 донишгоҳи бонуфузи олам ҳамкории судманд дошта, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти пурсамар дорад. Тибқи барномаву лоиҳаҳои гуногун устодону донишҷӯёни донишкада дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Испания, Финландия, ИМА, Ҷопон, Ҷумҳури мардумии Чин, Италия омӯзиш гирифта, навовариҳои илму маорифро дар омода намудани мутахассисони баландихтисос татбиқ намуда истодаанд.
-Соли 2022 барои донишкадаи мо соли бобарор буд, зеро дар ин сол мо ҳамкориҳоро бо муассисаҳои олии пешрафтаи олам вусъат бахшидем. Дар асоси лоиҳаҳои гуногуни таълимӣ профессор Гилберт Дуглас барои донишҷӯён доир ба мавзуи “Business model canvas” дарси назариявӣ аз фанни иқтисодиёт ва ташкили бизнеси байналхалқӣ гузаронид. Дар доираи лоиҳаи UNICAC силсилаи семинарҳо бахшида ба Такмили рушди тадқиқот ва инноватсияҳои байналмилалӣ, паҳн кардан ва истифода бурдани натиҷаҳои UNICAC бо ҷомеа дар ҳамкорӣ бо коршиносони Донишгоҳи илмҳои амалии Лауреаи Финляндия гузаронида шуд. Моҳи апрели соли 2022 бо Донишгоҳи Олд Доминиюни ИМА, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи UniCEN ҳамкорӣ барои дастгирии мукаммали соҳибкорӣ оғоз гардид, - иброз дошт директори донишкада.
Ба таъкиди Ҳомидҷон Ҳошимзода соли гузашта 5 нафар омӯзгорон ва 3 нафар донишҷӯён дар Донишгоҳи Кантабрия, 3 нафар омӯзгорон ва 2 нафар донишҷӯён дар Донишгоҳи Кордоба, 1 нафар омӯзгор ва 2 нафар аспирантон дар Донишгоҳи Севиля, 4 нафар омӯзгорон ва 5 нафар донишҷӯён дар Донишгоҳи Лауреа, дар маҷмӯъ 30 нафар омӯзгорону кормандон ва 30 нафар аспирантону донишҷӯён барои мубодила ва омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Яке аз ҳадафҳои донишкада татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозор буда, сатҳи таълим дар ин муассисаи олӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ аст. Мавҷудияти заминаи мусоиди моддию техникӣ имкон медиҳад, ки мутахассисони хуб омода карда шавад. Дар донишкада теъдоди профессорону омӯзгорон 214 нафарро ташкил медиҳад ва таълим дар чор бинои таълимӣ, ки аз 115 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст.
Дар донишкада 802 адад компютерҳои замонавӣ, 70 адад ноутбук, 107 адад принтер, 37 адад тахтаи электронӣ, 18 адад экран барои проектор, 107 адад проектор, 178 адад камераҳои мушоҳидавӣ мавҷуд буда, биноҳои таълимӣ бо шабакаи Wi-Fi таъмин карда шудааст.
Инчунин дар донишкада ду китобхона - анъанавӣ ва электронӣ, толори интернет, ду озмоишгоҳи бонки таълимӣ, молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, криминалистика, синфхонаи компютерии тиҷорати электронӣ, синфхонаи компютерии инноватсионӣ барои омӯзиши барномаи 1С – корхонаҳо, синфхонаи компютерии таълимии омор, панҷ адад утоқҳои лингофонӣ, ду маҷлисгоҳ бо 250 ва 90 ҷойи нишаст, се толори конференсия, ду адад майдончаи варзиши замонавӣ ва ду адад толори фитнесс, се адад парки технологӣ, се адад ошхона, хобгоҳи донишҷӯён ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.
Соли 2022 бо дастгирии барномаи рушди СММ-UNDP Маркази акселератсияи соҳибкории рақамӣ таъсис дода шуда, дорои лабораторияҳои барномасозӣ, инженерияи рақамӣ ва WEB – дизайн мебошад.
Бо ташаббуси роҳбарияти донишкада студияи сабти машғулиятҳои аудио-видеоӣ бо таҷҳизотҳои инноватсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Моҳи феврали соли 2023 бо дастгирии ҶСК “Тавҳидбонк” бонки таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуда, машғулиятҳои амалии ихтисосҳои вобаста дар бонки таълимӣ роҳандозӣ карда шуд.
Роҳандозии чунин иқдомҳо имкон медиҳад, ки донишҷӯён бевосита бо амалия машғул шуда, нозукиҳои касби интихобкардаашонро омӯзанд.

Донишҷӯёни донишкада дар чорабиниҳои гуногуни давлатӣ иштироки фаъолона дошта, дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ пайваста дастовардҳои назаррасро соҳиб мегарданд. Аз ҷумла, соли гузашта як қатор донишҷӯён дар даврҳои гуногуни озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман!”, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намунавӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо донишкада дар миёни муассисаҳои олии вилоят мавқеи хуб дошта, хатмкунандагони он дар ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд.




