Дар толори Комиссариати ҳарбии вилоят бо иштироки раисони комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва роҳбарияти комиссариатҳои ҳарбӣ ҷаласаи ғайринавбатии Комиссияи даъвати вилоят таҳти сарварии раиси комиссия, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оиди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» дар якҷоягӣ бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти худро мунтазам ба роҳ мондааст.
Дар ҷаласа муовини аввали прокурори вилоят Кенҷабой Раҳматов, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд Бахтиёр Шарифзода, муовини сардори раёсати КДАМ ҶТ дар вилоят Фирӯз Исломзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷараёни даъвати баҳорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар самти даъвати ҳарбӣ дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд




