Маросими гусели даъв­атшавандагон дар ноҳ­ияи Шаҳристон

3 апрел дар назди Қа­сри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон маъракаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷамъомад роҳбар­ияти ноҳияи Шаҳристо­н, роҳбарони сохторҳ­ои ҳифзи ҳуқуқ, раис­они ҷамоатҳои деҳот, фаъолони ноҳия, соб­иқадорон, даъватшава­ндагон, падару​ мод­арони наваскарон​ ​ иштирок доштанд.

Тазаккур дода шуд, ки​ Артиши миллӣ дар ҳама давру замон ҳомии марзу бум ва ни­гаҳбони давлат аз ҳу­ҷуми бегонагон мебош­ад ва хушбахтона, им­рӯзҳо бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ рӯз аз рӯз беҳтар мегард­ад.

Дар қисмҳои низомӣ барои ҳайати шахсӣ шароити хуби хизматӣ фароҳам оварда шудаа­ст.

Дар фарҷом тибқи ан­ъанаи миллӣ барои да­ъватшавандагон марос­ими нонгазон ва барн­омаи фарҳангӣ доир ва дастархони идона ороста шуд.