Гуруҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони даъватшавандагон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суханронии хеш изҳор дошт, нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ башорат медиҳад. Зеро, дар оғоз ва нахустин рӯзҳои маъракаи даъвати баҳорона ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ паём расониданд.
Баромадкунандагон зимни суханронӣ аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда, бо тазаккури зарурияти дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат, ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффариятҳои беназирро таманно намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савридинова ва модари даъватшаванда Юлдошева Фируза баромад намуда, нахуст ба ҷавонони дар мавсими баҳорӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори сипос ва минатдорӣ карданд.
Даъватшаванда Ҷӯраев Муҳаммадсиддиқ баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷавонон набояд аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кунанд. Зеро аскарӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ будан, мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилонаву расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар ва насими форами зодгоҳ аст. Ў аз номи ҷавонони баору номус, ҷавонмардони ҳақиқие, ки ифтихори баланди миллӣ доранду Ватанашонро аз сидқи дил дӯст медоранд, дар назди аҳли ҷамъомад ботантана ваъда дод, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Модар-Ватанро бо сари баланду дили пок адо хоҳад кард.
Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр ва шодиву нишоти сарбозону наваскарон анҷомбахши ин ҷамъомади бошукуҳ буд.