Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳия, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Имрӯз, 3 апрели соли 2023 дар назди қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати гусели аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар маросими гусел ба падару модарони даъватшавандагон, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба даъватшавандагоне, ки бо амри дил довталабона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд, таъкид намуд, ки хизмат ба Ватан шарафу номус ва ифтихори баланди ватандорӣ мебошад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонмардон бо сари баланд ва нангу номуси ҷавонмардона қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоранд.
Дар фарҷом баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.