Конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Паёми раҳнамо” баргузор шуд

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи чорабинии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Паёми раҳнамо” бахшида ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 -солагии Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир, роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон Умар, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,  муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, сармуҳаррири рузномаи «Минбари халқ» Ҳамдамов Бахтиёр, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонов Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи таърихи нав ва навтарини институти таърих ва бостоншиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафуров Абдулло, сарварони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДКМТ ва дигар шахсони даъватшуда ширкат варзиданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Абдураҳмон Хонзода ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки таҳлили комили  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон медиҳад, ки дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат дар тамоми паёму суханрониҳояшон ифода ва инъикос ёфтааст. Паёми имсола инчунин нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз арзишҳои бунёдие чун беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, таъмини ҷойгоҳи устувори кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд. Паёми имсола бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат боз як марҳалаи рушди босуръати худро сипарӣ карда, ба давраи сифатан нави рушди устувор ворид мешавад.

Даврон Зоҳидзода зимни баромад қайд намуд, ки  имрӯз ҳадафи олии давлат ва қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ фароҳам намудани зиндагии шоиста барои аҳолии кишвар мебошад. Ҳар узви ҷомеа вобаста ба завқу тавоноии худ дар самту соҳаи муайяни ҷомеа фаъолияти босамар намуда, барои рушди ҳаёти шахсӣ, ободии ҷомеа ва пешрафти миллату давлати хеш саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Зуфар Исмоилзода вобаста ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Пешвои миллат андешаву мулоҳизаҳои худро баён дошт.

Дигар иштирокчиён низ вобаста ба паҳлуҳои гуногуни Паёми Сарвари давлат ибрози андеша намуданд ва дар фарҷом раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Муроҷиатномаи иштирокдорони конфронсро қироат намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд