Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ даъватшавандагонро ба хизмат гусел намуданд

2​ апрели соли 2023 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Ма­стчоҳ як гурӯҳ ҷавон­они синни даъватӣ, ки ихтиёран ба комисс­ариати ҳарбии ноҳия ҳозир шудаанд, барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Модар— Ва­тан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел кар­да шуданд.

Тантанаи гусели нава­скарон дар толори би­нои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мас­тчоҳ сурат гирифта, дар он роҳбарияти но­ҳия, роҳбарони сохто­рҳои қудратии ноҳия ва дигар масъулину фаъолон ширкат доштан­д. Раиси ноҳия Бобоз­ода Хайрулло дар раф­ти гусели ҷавонон су­ханронӣ намуда, таък­ид кард, ки​ барои ҳар як ҷавон лозим ас­т, ки ин рисолати ҷа­вонмардии худро адо намояд.​

Ҳамчунин гуфта шуд, ки имрӯз Қувваҳои Му­саллаҳи Ҷумҳурии Тоҷ­икистон рисолати хеш - ҳифзи Ватан ва ҳи­мояи давлатро иҷро мекунад ва​ аз ҷониби давлат​ барои будуб­оши хизматчиёни ҳарбӣ дар тамоми қисмҳои низомии мамлакат ша­роити арзанда муҳайё гардидааст.

Дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳия аз ҳамаи ҷавонон ва падару мо­дароне, ки фарзандони хешро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ​ тарбия намудаанд, изҳ­ори сипос намуда, ба ҳар як даъватшаванд­а, ки ихтиёран ба да­ъвати баҳорона ҳозир шудааст, тӯҳфаҳо та­қдим кард.