Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар майдони маҷмааи «Дуои модар»-и назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир гардид.
Ҳамоиш бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассама оғоз ёфта, дар он модарону бонувони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, наврасону ҷавонони шаҳри Гулистон ширкат намуданд.
Сипас, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар васфи модар суруду таронаҳои ҷолиб қироат намуда, ба ҳамоиш шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Модар тибқи нақшаи чорабиниҳо баргузории аксияву ҳамоишҳои идона, аёдати модарону бонувони собиқадору барӯманд, модарони яккаву танҳо ва аз оилаҳои ниёзманд бомаром ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, ки маҷмааи «Дуои модар» ҳамчун рамзи муҳаббати поку самимӣ, эҳтироми бузург, арҷгузорӣ ба Модар ва қадршиносии кулли модарони тоҷик бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2021 қомат афрохт. Муҷассамаи «Дуои модар» бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метр мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд