29 марти соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва идомаи чорабиниҳои ҷашни Наврӯз дар кумитаи маҳаллаи “Дилкушо”-и шаҳри Истаравшан хати оби нушокӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Боиси зикр аст, ки маҳаллаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд гардида, сокинонаш аз норасогии оби нушокӣ танқисӣ мекашиданд.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қубур ва обченкунакҳо насб карда шуда, бо ташаббуси бевоситаи сокинон ва соҳибкорони маҳаллаи “Дилкушо” бо харҷи бештар аз 700 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ бунёд ва ба масофаи 4,5 км хати оби нушокӣ кашида шуд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани хати оби нушокӣ зиёда аз 2200 нафар аҳолӣ бо оби нушокӣ таъмин гардид.