Аз 3 то 10 апрели соли 2023 дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маъмурияти китобхона хабар доданд.
Дар доираи фестивали мазкур гузаронидани чорабиниҳо ба истиқболи 145-солагии устод Садриддин Айнӣ, 95-солагии Гулчеҳра Сулаймонӣ, 100-солагии Аминҷон Шукуҳӣ, 90-солагии Озод Аминзода, намоиши китобу матбуот, мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли адаб, маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ» ба нақша гирифта шудааст.
Маросими ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» 10 апрел дар китобхонаи бачагонаи вилоятӣ сурат мегирад.