Бахшида ба Иди Наврӯз бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ аёдат карда мешаванд

Имрӯз, 18 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона баргузор мегардад.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Панҷакент, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Шаҳристон чорабиниҳои наврӯзӣ доир гардида, бошандагони мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар чорабиниҳои наврӯзии бошандагони муассисаҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок карда, паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯзро мерасонанд.