Даври вилоятии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» моҳи сентябр доир мегардад

Қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба имзо расид.

Даври вилоятии озмун моҳи сентябр гузаронида шуда, низомнома ва ҳайати коммисияи он тасдиқ гардид. Озмун аз рӯи номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, омӯзгорон гузаронида мешавад. 

Барои қадршиносии ғолибон ва корҳои ташкилии даври вилоятии озмун беш аз 680 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Бояд таъкид кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.