
Тибқи қарор низомнома ва ҳайати комиссия тасдиқ гардида, раёсату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун вазифадор гардидаанд. Даври вилоятии озмун моҳи август доир хоҳад шуд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср миёни хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, омӯзгорон ва ходимони илмию адабӣ доир шуда, ба ғолибон мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи умумии беш аз 590 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар баргузор мегардад.