Дар маҳаллаи «Чашмаи арзана»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ мулоқот доир шуд.
Тазаккур дода шуд, ки тамоми азму талош, ташаббусҳои созандаву бунёдкорона ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардидаанд, ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар, таъмин намудани истиқлоли энергетикии он, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ба кишвари пешрафтаву саноатӣ табдил додани Ватани маҳбубамон равона шудаанд. Истиқлоли давлатӣ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллии мо ва муқаддастарину бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Имрӯз мардуми шарифи кишвар хуб дарк кардаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд.
Мутаассифона бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.
Муборизаи беамон бар зидди гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ амри зарурист. Ҳар як истиқоматкунанда ва меҳмони шаҳрро мебояд аз масоили сиёсӣ огоҳ, бо ҳам муттаҳид ва якмаром бошад. Дар корҳои ҷамъиятӣ, риояи маданияти шаҳрдорӣ фаъолона ширкат варзида, барои ҳифзи озодию истиқлоли Тоҷикистон устуворона ва бо қатъият саҳм гузорад. Аз ин рӯ, ҳар сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд бояд ободию осудагии Ватан ва арзишҳои миллиро вазифаи ҷонии хеш шуморад.
Дар ҷараёни мулоқот сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода ва иҷрокунандаи вазифаи прокурори шаҳр Наим Тоҷизода доир ба масъалаи матраҳшуда баромад намуда, фикру назар ва пешниҳодоти хешро ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини амнияту тартибот баён доштанд.