Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки адибону олимони маъруфи тоҷик, меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, устодону донишҷӯён, ихлосамандони адабиёт ва фарҳанг нишасти 207-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор шуд.
Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ҳини суханронии худ иброз дошт, ки дар нишасти навбатӣ меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва олимони маъруф аз маркази кишвари азизамон — шаҳри Душанбе ҳузур доранд.
Муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои илм ва инноватсия профессор Хайрулло Сабурӣ суханронӣ намуда, аз ибтикороти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушду такомули дӯстиву ҳамкориҳои ду кишвари бародар сухан кард. Дар ин замина оид ба ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи вилояти Суғду Фарғона изҳори назар карда, аз равобити илмиву таълимии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Фарғона маълумот дод.
Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона перомуни дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ҳарф заданд.
Дар идома Фарҳод Исомаддинов - адабиётшинос, устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона оид ба доираҳои илмиву адабии дирӯзу имрӯзи Ӯзбекистон сухан карда, аз мавқеи адибони тоҷикзабон ибрози назар намуд. Ӯ як силсила китобҳои тозанашрро ба китобхонаи маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” тақдим намуд.
Дар маҳфил ҳамзамон гузоришҳои Мӯсо Олимҷонов - мудири кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҷумъаи Ҷамол - сармуаллими кафедраи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Фарғона, Қосимов Олимҷон - мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷиистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дигарон шунида шуд.




