Озмуни вилоятии "Бозиҳои миллӣ" доир гардид

Бо мақсади эҳё намудани бозиҳои миллии ниёгон ва ба истиқболи Иди Наврӯзи байналмиллалӣ 12 марти соли 2023 дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр» - и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар даври вилоятии озмун хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов  иштирок намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастгардида  ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки озмуни вилоятии "Бозиҳои миллӣ" бо фаро расидани фасли зебои баҳор беш аз 20 сол инҷониб баргузор карда мешавад.