Барандагони Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ муайян гардиданд

Ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ муайян гардиданд.

Озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик гузаронида шуда, тибқи қарори раёсати Созмони журналистони вилоят соли ҷорӣ Ҷоизаи журналистони вилояти ба номи Ҳоҷӣ Содиқро чаҳор нафар соҳиб шуданд.

Аз ҷумла, дар номинатсияи матбуоту веб-журналистика сармуҳаррири нашрияи «Шуълаи умед» Мирзоазам Мақсудов ва мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Гулҷаҳон Махкамова, дар номинатсияи телевизион, радио ва маводи тасвирӣ муҳаррири телевизиони «СМ-1» Муҳаббат Муродова ва суратгир-хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» Облоқул Мӯсоев ғолиб дониста шуда, дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуот ба ғолибон Диплому мукофотҳои пулӣ супорида шуд.