Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар вилояти Суғд

10 марти соли 2023 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоятро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табрик гуфт. Дар номаи табрикотӣ тазаккур дода шуд, ки «нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар пешрафти ҷомеа назаррас буда, аҳли қалам бо инъикоси комёбиҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ташаккули афкори солим саҳм мегузоранд.

Таърихи пурғановати матбуоти тоҷик нишон медиҳад, ки равшанфикрону аҳли зиё ва рӯзноманигорон ҳамеша барои ислоҳи норасоиҳо талош намуда, ҷомеаро ба сӯи илму маориф, фарҳангу ҳунар раҳнамун месозанд.   

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид ва вазъи соҳа ба маротиб беҳтар шуда, шумораи зиёди телевизиону радио ва рӯзномаву ҳафтаномаҳо арзи ҳастӣ намуд. Рӯзноманигорон бо таҳияи барномаву гузоришҳои пурмуҳтаво перомуни таъриху фарҳанг, расму оин ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат саҳми шоиста мегузоранд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазифаҳои муҳими кормандони воситаҳои ахбори омма таъкид намудаанд: “Рӯзноманигорони мамлакатро зарур аст, ки вобаста ба таҳаввулоти замони муосир тарғиби сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамонро бештар ба роҳ монда, ба хотири таъмини амният ва ҳифзи ин сарзамини муқаддас аз тамоми неру ва қобилияти эҷодии худ истифода намоянд. Зеро гузашти замон нишон дод, ки рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ягонагӣ сахт вобаста мебошад”.

Имрӯзҳо маҳз бо баракати сулҳу ваҳдат дар гӯшаву канори вилоят ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сокинон ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни таърихӣ заҳмат кашида истодаанд». 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки журналистони вилоят минбаъд низ дар инъикоси дастоварду бунёдкориҳо беш аз пеш саҳм гузошта, ба давлату миллат хизмат менамоянд.

Сипас тибқи амри Раиси вилояти Суғд ба 13 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаи матбуот Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамзамон ба 7 нафар рӯзноманигорон Ифтихорномаи Созмони журналистони вилоят ва ба 8 нафар устодону кормандони ВАО Сипосномаи раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тақдим гардид.