Дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вилояти Суғд таҷлил мегардад, як қатор собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд.
Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят Музаффар Юнусов, раиси Созмони журналистони вилоят Илҳоми Ҷамолиён, котиби Созмони журналистони вилоят Карим Шариф, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" Аминҷон Шарифзода ба манзили зисти чанде аз собиқадорони соҳаи матбуот рафта, онҳоро аёдат ва тӯҳфаҳои идонаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро расониданд.
Бояд таъкид кард, ки барои аёдати собиқадорони соҳаи матбуот бо дастгирии роҳбарияти вилоят 31 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардида, ба 63 нафар супорида шуд.
Чорабиниҳои идона ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар вилоят идома дорад.