2 марти соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, дар тарабхонаи “Истироҳат”-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона таҳти унвони “Занҳо, Шумо фариштаи рӯи замин” доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода бонувони арҷманди вилоятро, ки дар маҳфил ҳузур доштанд, бо фарорасии баҳори нозанин ва ҷашни зебои модарону хоҳарон – Рӯзи Модар самимона табрик намуд. Таъкид карда шуд, ки бо шарофат ва ҳидояти Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар ҷомеаи мо баланд гардидааст. Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Алҳол аз шумораи 166 ҳазору 230 нафар аъзои ҳизб дар вилоят 94 ҳазору 603 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2022 шумораи аъзо аз ҳисоби бонувон 5 ҳазору 468 нафар афзудааст.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ паёми табрикии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи бонувон расонид, ки дар он гуфта шудааст: «Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори Модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Бузургдошти Рўзи Модар дар кишвар аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд».
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид.