Озмуни вилоятии «Сайри гули лола» гузаронида мешавад

Бо мақсади густариши корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар маҳал, ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ моҳи апрели соли ҷорӣ озмуни вилоятии «Сайри гули лола» гузаронида мешавад.

Дар озмун маҳалла, деҳа, шаҳрак, деҳот, ноҳия, шаҳр иштирок карда, гуруҳҳои кории вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо ғолибонро аз рӯи шартҳои озмун муайян мекунанд.

Ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ супорида шуда, шахсони ташаббускор ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо, ки дар озмун фаъолона иштирок мекунанд, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сарфароз гардонда мешаванд.