Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истаравшан корҳои сохтмонию азнавсозии Боғи фарҳагию фароғатии "Ҷавонон"-и шаҳр идома дорад.
Боғи фарҳангии мазкур дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бинобар маблағгузорӣ нагардидан солҳои зиёд аз таваҷҷуҳ берун монда буд ва тамоми таҷҳизоти фароғатии он фарсуда шуда буд. Ин боғи фарҳангию фароғатӣ дар кумитаи маҳаллаи ба номи Дилшоди Барнои шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, фармоишгари корҳои азнавсозию барқароркунӣ ҶДММ “Комрон-обод” мебошад. Боғи мазкур дар масоҳати 2,3 гектар бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он 3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Интизор меравад, ки бо ба охир расидани корҳои азнавсозӣ макони истироҳатӣ дари худро барои сокинон боз намояд.