Баргузории чорабинии ҳарбӣ -варзишии “Ватанпарвар” дар Панҷакент

Дар ҳамоиши омодагии дифои ҳарбӣ кормандони комиссариати ҳарбӣ, омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ, устодону донишҷӯёни донишкадаю коллеҷҳо, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Тавре дар чорабинӣ таъкид карда шуд, мақсади баргузории ҳамоиш тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ дар ниҳоди наврасон,  пешгирии гароиши ҷавонону наврасон ба зуҳуроти номатлуб, ҳидояти онон барои адои хидмат ба Ватан ва пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иштирокчиёни ҳамоиш маҳорати худро дар сурудани сурудҳои ватандӯстона, сафороӣ ва марши ҳарбӣ, ҷудосозӣ ва насбу васли қисмҳои автомат, вазнбардорӣ, машқҳо ва бозиҳои  гуногуни ҳарбӣ -варзишӣ нишон доданд.

Ба дастаҳои ғолиб дар вазъияти тантанавӣ мукофотҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр  тақдим карда шуд.