Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Cуғд бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии 18 шаҳру ноҳияи вилоят бо сарбозону афсарон сӯҳбату вохӯриҳо ва мулоқот баргузор карда истодааст.
Тибқи нақша масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят якҷо бо шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Деваштич, Конибодом, Спитамен, Шаҳристон, дар ҳамбастагӣ бо раисони Шӯрои занони шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо аз қисмҳои низомии ҳарбӣ дидан намуданд. Зимни вохӯриҳо масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарбозону афсаронро бо 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, қайд намуданд, ки бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидани иқтидори мудофиавӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, имрӯз Артиши миллӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро ҳимоят менамояд. Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастиро меомӯзонад.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин барои сарбозону афсарон дастурхони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд. Дар рафти вохӯриҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо сарбозон ҳамсӯҳбат гардида, аз шароити зисти онҳо аз наздик шинос шуда, ба сарбозон туҳфаҳо тақдим карданд.